Фарҳанг ва маориф

2025/4/14
1
2
3

1. Чорабиниҳои фарҳангӣ ва робита бо ҷомеа

Чорабиниҳои фарҳангӣ ва робита бо ҷомеа дар соли 2026

20-умин давраи «Озмуни наттоқони забони ҷопонӣ» дар Тоҷикистон
28 Феврали 2026

Озмуни Манга
Мӯҳлати дархост барои ҷоиза аз 15 апрел то 30 июни соли 2026 давом мекунад.
Маълумоти бештар.
 

- Фаъолиятҳои қаблии фарҳангӣ ва робита бо ҷомеа

2025/2024/2023 / 2022

2. Омӯзиш ва таҳсил дар Ҷопон

1. Маълумоти умумӣ дар бораи таҳсил дар Ҷопон

Маълумоти муфассал барои донишҷӯён, ки хоҳиши таҳсил дар Ҷопон доранд: https://www.studyinjapan.go.jp/en/

2. MEXT - Барномаҳои бурсиявии (стипендия) ҳукумати Ҷопон (танҳо барои шаҳрвандони Тоҷикистон)

Маълумоти умумӣ дар бораи барномаи MEXT: https://www.studyinjapan.go.jp/en/planning/scholarship/  

Барои шаҳрвандони Тоҷикистон 4 барномаи MEXT дастрас ҳастанд:

ҚАБУЛИ ХУҶҶАТҲО
Макони қабул: Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон (Душанбе, кӯчаи Х. Назаров, 80А)
Қабули ҳуҷҷатҳо:  аз 24  апрели соли 2026
Мӯҳлати охирони пешниҳоди ҳуҷҷатҳо: 25 майи соли 2026.
Вақти қабул: 9:00 - 12:30, 13:30 - 17:00

1) Коромӯз – таҳқикотчӣ / Research Students (Магистратура ва Докторантура)

Барномаи таълим
Пас аз ворид шудан ба Ҷопон, донишҷӯ метавонад 6 моҳ агар лозим бошад забони ҷопониро омӯзад ва сипас ба магистратура/докторантура шурӯъ намояд.
Имтиҳонҳо аз фанҳои зерин гирифта мешаванд: забони англисӣ ва ҷопонӣ
Талаботи синну сол
Онҳое, ки аз 2 апрели соли 1992 ва ё баъд аз он таваллуд шудаанд, метавонанд ҳуҷҷат пешниҳод кунанд.
 Маълумоти муфассал / Ҳуҷҷатҳои зарурӣ (Шаҳодатномаи саломатӣ дар марҳилаи якуми тахассусӣ пешниҳод кардан шарт нест):
Муҳим: Қабл аз пешниҳоди ҳуҷҷатҳо, тавсия дода мешавад, ки Дастурамал барои пешниҳоди дархостҳо (Application Guidelines)-ро бодиққат хонед.
https://www.studyinjapan.go.jp/en/smap-stopj-applications-research.html

2) Донишҷӯи бакалавр / Undergraduate Students (бакалавр)

Барномаи таълим
Донишҷӯ пас аз ба Ҷопон рафтан аввал 1 сол забони ҷопонӣ ва фанҳои гуногунро меомӯзад ва сипас ба донишгоҳ дохил мешавад.
Давраи бурсия
5 сол (агар ба факултетҳои тиббӣ, стоматология ё факултети ветеринарӣ дохил шаванд — 7 сол). Онҳое, ки барои дохил шудан ба барномаи магистрӣ иҷозат мегиранд, имкони тамдиди мӯҳлати бурсияро доранд.
Имтихонхо аз фанҳои зерин гирифта мешаванд:
- Ҳангоми интихоби ихтисос аз гурӯҳи «Гуманитарӣ А ва В»: математика (А), забони англисӣ(А), ҷопонӣ(А).
- Ҳангоми интихоби ихтисос аз гурӯҳи «Илмҳои таббиӣ А»: математика (Б), забони англисӣ(Б), ҷопонӣ(Б), физика(Б), химия(Б).
- Ҳангоми интихоби ихтисос аз «Илмҳои таббиӣ B & C»: математика (Б), англисӣ(Б), ҷопонӣ(Б), химия(Б), биология(Б).

Талаботи синну сол
Онҳое, ки аз 2 апрели соли 2002 ва ё баъд аз он таваллуд шудаанд, метавонанд ҳуҷҷат супоранд.
Маълумоти муфассал / Ҳуҷҷатҳои зарурӣ (Шаҳодатномаи саломатӣ дар марҳилаи якуми тахассусӣ пешниҳод кардан шарт нест):
Муҳим: Қабл аз пешниҳоди ҳуҷҷатҳо, тавсия дода мешавад, ки Дастурамал барои пешниҳоди дархостҳо (Application Guidelines)-ро бодиққат хонед.

https://www.studyinjapan.go.jp/en/smap-stopj-applications-undergraduate.html

3) Донишҷӯи коллеҷи таълими махсус / Specialized Training College Students

Барномаи таълим
Пас аз рафтан ба Ҷопон, донишҷӯ дар тӯли 1 сол аввал забони ҷопонӣ ва фанҳои гуногунро меомӯзад ва сипас ба коллеҷ дохил мешавад.
Мӯҳлати бурсия: 3 сол
Талаботи синну сол
Онҳое, ки аз 2 апрели соли 2002 ва ё баъд аз он таваллуд шудаанд, метвонанд дархост кунанд.
Имтиҳонҳо аз фанҳои зерин гирифта мешаванд: математика, забони англисӣ ва ҷопонӣ.
Маълумоти муфассал / Ҳуҷҷатҳои зарурӣ (Шаҳодатномаи саломатӣ дар марҳилаи якуми тахассусӣ пешниҳод кардан шарт нест):
Муҳим: Қабл аз пешниҳоди ҳуҷҷатҳо, тавсия дода мешавад, ки Дастурамал барои пешниҳоди дархостҳо (Application Guidelines)-ро бодиққат хонед.
https://www.studyinjapan.go.jp/en/smap-stopj-applications-specialized.html 

4) Донишҷӯи коллеҷи технологӣ  / College of Technology (KOSEN) Students

Барномаи таълим
Пас аз рафтан ба Ҷопон, донишҷӯ дар тӯли 1 сол аввал забони ҷопонӣ ва фанҳои гуногунро меомӯзад ва сипас ба коллеҷ дохил мешавад.
Мӯҳлати бурсия: 4 сол
Талаботи синну сол
Онҳое, ки аз 2 апрели соли 2002 ва ё баъд аз он таваллуд шудаанд, метвонанд дархост кунанд.
Имтиҳонҳо аз фанҳои зерин гирифта мешаванд: 
 

Самтҳои таҳсил (Fields of Study) Фанҳои имтиҳон
(D) Муҳандисии масолеҳ (Materials Engineering) Забони ҷопонӣ, забони англисӣ, математика ва химия
(A) Мошинсозӣ, (B) Электротехника ва электроника, (C) Технологияҳои иттилоотӣ, коммуникатсионӣ ва шабакавӣ, (E) Меъморӣ, (F) Сохтмони шаҳрвандӣ, (G) Муҳандисии баҳрӣ Забони ҷопонӣ, забони англисӣ, математика ва физика
(H) Дигар самтҳо Забони ҷопонӣ, забони англисӣ, математика ва ё химия ё физика

Маълумоти муфассал / Ҳуҷҷатҳои зарурӣ (Шаҳодатномаи саломатӣ дар марҳилаи якуми тахассусӣ пешниҳод кардан шарт нест):
Муҳим: Қабл аз пешниҳоди ҳуҷҷатҳо, тавсия дода мешавад, ки Дастурамал барои пешниҳоди дархостҳо (Application Guidelines)-ро бодиққат хонед.

https://www.studyinjapan.go.jp/en/smap-stopj-applications-technology.html


 5) Коромӯз дар соҳаи забони ҷопонӣ ва фарҳанги ҷопонӣ / JAPANESE STUDIES STUDENTS

Талабот: Шахсоне 18 - 22 сола, ки дар шӯъбаи забони ҷопонӣ дар донишкада ё донишгоҳ таҳсил мекунанд.
Қабули дархостҳо: декабр ва январ (санаҳои дақиқ дар моҳи декабр эълон карда мешаванд)

Қайдҳо
Дархостнома ва ҳама расмиёти дигари интихоби барномаи MEXT, аз ҷумла бақайдгирӣ ва имтиҳонҳо РОЙГОН мебошанд.
• Намунаи имтиҳонҳои солҳои гузашта: https://www.studyinjapan.go.jp/en/planning/scholarships/mext-scholarships/examination.html

Рӯйхати донишгоҳҳо ва коллеҷҳои Ҷопон: https://www.nicjp.niad.ac.jp/en/
Тарзи пур кардани ҳуҷҷатҳо, санҷишҳои хаттӣ ва мусоҳибаҳо танҳо бо забони англисӣ ё ҷопонӣ (ихтиёрӣ) гузаронида мешаванд. Шумо бояд ин забонҳоро дар сатҳи олӣ донед.
Танҳо онҳое, ки аз марҳилаи аввали интихоб мегузаранд, дар бораи ҷой ва вақти имтиҳони хаттӣ огоҳ карда мешаванд.
• Шаҳодатномаи саломатӣ дар даври аввал пешниҳод кардан шарт нест, он танҳо барои онҳое, ки аз имтиҳони хаттӣ ва мусоҳиба бомуваффақият мегузаранд, талаб карда мешавад.
  
Рақамҳо барои тамос: (+992) 44-600-54-86
E-mail: sheroz.juraev@db.mofa.go.jp
 

3.Омӯзиши забони ҷопонӣ

Забони ҷопониро дар Тоҷикистон дар куҷо омӯхтан мумкин аст?

Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим УлуғзодаOpen a new window (факултаи забони ҷопонӣ)
Донишгоҳи Славянии Россия ва ТоҷикистонOpen a new window (фанни ихтиёрӣ)
Литсей-интернати тоҷикӣ-русии “Ҳотам ва ПВ”Open a new window (Машғулиятҳои беруназсинфӣ)
Маркази забономозӣ ва фарҳанги Ҷопон "KOKORO"

 

Чӣ гуна мустақилона метавон забони ҷопониро омӯхт?

JF Japanese e-Learning MINATOOpen a new window
Easy Japanese (NHK World)Open a new window

 

JLPT (Имтиҳони муайян кадани сатҳи дониши забони ҷопонӣ)

 

Озмуни наттоқии забони ҷопонӣ дар Тоҷикистон

Ҳисобот