Фарҳанг ва маориф

2025/4/14

Чорабиниҳои фарҳангӣ ва робита бо ҷомеа дар соли 2024

19-умин давраи «Озмуни наттоқони забони ҷопонӣ» дар Тоҷикистон

MANGA 
Мӯҳлати дархост барои ҷоиза аз 12 апрел то 5 июли соли 2024 давом мекунад.
Маълумоти бештар.

Маълумоти муфассал барои донишҷӯён, ки хоҳиши таҳсил дар Ҷопон доранд: https://www.studyinjapan.go.jp/en/

2. MEXT - Барномаҳои бурсиявии (стипендия) ҳукумати Ҷопон (танҳо барои шаҳрвандони Тоҷикистон)

Маълумоти умумӣ дар бораи барномаи MEXT: https://www.studyinjapan.go.jp/en/planning/scholarship/  

Барои шаҳрвандони Тоҷикистон 4 барномаи MEXT дастрас ҳастанд:

ҚАБУЛИ ХУҶҶАТҲО
Макони қабул: Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон (Душанбе, кӯчаи Х. Назаров, 80А)
Мӯҳлати охирони пешниҳоди ҳуҷҷатҳо: 31 майи соли 2024.
Вақти қабул: 9:00 - 12:30, 13:30 - 17:00

1) Коромӯз – таҳқикотчӣ / Research Students (Магистратура ва Докторантура)

Барномаи таълим
Пас аз ворид шудан ба Ҷопон, донишҷӯ метавонад 6 моҳ агар лозим бошад забони ҷопониро омӯзад ва сипас ба магистратура/докторантура шурӯъ намояд.
Имтиҳонҳо аз фанҳои зерин гирифта мешаванд: забони англисӣ ва ҷопонӣ
Талаботи синну сол
Онҳое, ки аз 2 апрели соли 1990 ва ё баъд аз он таваллуд шудаанд, метавонанд ҳуҷҷат пешниҳод кунанд.
 Маълумоти муфассал / Ҳуҷҷатҳои зарурӣ (Шаҳодатномаи саломатӣ дар марҳилаи якуми тахассусӣ пешниҳод кардан шарт нест):
https://www.studyinjapan.go.jp/en/smap-stopj-applications-research.html

 

2) Донишҷӯи бакалавр / Undergraduate Students (бакалавр)

Барномаи таълим
Донишҷӯ пас аз ба Ҷопон рафтан аввал 1 сол забони ҷопонӣ ва фанҳои гуногунро меомӯзад ва сипас ба донишгоҳ дохил мешавад.
Давраи бурсия
5 сол (агар ба факултетҳои тиббӣ, стоматология ё факултети ветеринарӣ дохил шаванд — 7 сол). Онҳое, ки барои дохил шудан ба барномаи магистрӣ иҷозат мегиранд, имкони тамдиди мӯҳлати бурсияро доранд.
Имтихонхо аз фанҳои зерин гирифта мешаванд:
- Ҳангоми интихоби ихтисос аз гурӯҳи «Гуманитарӣ А ва В»: математика (А), забони англисӣ(А), ҷопонӣ(А).
- Ҳангоми интихоби ихтисос аз гурӯҳи «Илмҳои таббиӣ А»: математика (Б), забони англисӣ(Б), ҷопонӣ(Б), физика(Б), химия(Б).
- Ҳангоми интихоби ихтисос аз «Илмҳои таббиӣ B & C»: математика (Б), англисӣ(Б), ҷопонӣ(Б), химия(Б), биология(Б).
(*Довталабоне, ки забони ҷопониро наомухтаанд, инчунин метавонанд имтиҳон супоранд).
Талаботи синну сол
Онҳое, ки аз 2 апрели соли 2000 ва ё баъд аз он таваллуд шудаанд, метавонанд ҳуҷҷат супоранд.
Маълумоти муфассал / Ҳуҷҷатҳои зарурӣ (Шаҳодатномаи саломатӣ дар марҳилаи якуми тахассусӣ пешниҳод кардан шарт нест):
https://www.studyinjapan.go.jp/en/smap-stopj-applications-undergraduate.html

 

3) Донишҷӯи коллеҷи таълими махсус / Specialized Training College Students

Барномаи таълим
Пас аз рафтан ба Ҷопон, донишҷӯ дар тӯли 1 сол аввал забони ҷопонӣ ва фанҳои гуногунро меомӯзад ва сипас ба коллеҷ дохил мешавад.
Талаботи синну сол
Онҳое, ки аз 2 апрели соли 2000 ва ё баъд аз он таваллуд шудаанд, метвонанд дархост кунанд.
Имтиҳонҳо аз фанҳои зерин гирифта мешаванд: математика, забони англисӣ ва ҷопонӣ.
Маълумоти муфассал / Ҳуҷҷатҳои зарурӣ (Шаҳодатномаи саломатӣ дар марҳилаи якуми тахассусӣ пешниҳод кардан шарт нест):https://www.studyinjapan.go.jp/en/smap-stopj-applications-specialized.html

 4) Коромӯз дар соҳаи забони ҷопонӣ ва фарҳанги ҷопонӣ / JAPANESE STUDIES STUDENTS

Талабот: Шахсоне 18 - 22 сола, ки дар шӯъбаи забони ҷопонӣ дар донишкада ё донишгоҳ таҳсил мекунанд.
Қабули дархостҳо: декабр ва январ (санаҳои дақиқ дар моҳи декабр эълон карда мешаванд)

Қайдҳо
• Дархостнома ва ҳама расмиёти дигари интихоби барномаи MEXT, аз ҷумла бақайдгирӣ ва имтиҳонҳо РОЙГОН мебошанд.
• Намунаи имтиҳонҳои солҳои гузашта: https://www.studyinjapan.go.jp/en/planning/scholarships/mext-scholarships/examination.html
• Рӯйхати донишгоҳҳо ва коллеҷҳои Ҷопонhttps://www.nicjp.niad.ac.jp/en/
• Тарзи пур кардани ҳуҷҷатҳо, санҷишҳои хаттӣ ва мусоҳибаҳо танҳо бо забони англисӣ ё ҷопонӣ (ихтиёрӣ) гузаронида мешаванд. Шумо бояд ин забонҳоро дар сатҳи олӣ донед.
• Танҳо онҳое, ки аз марҳилаи аввали интихоб мегузаранд, дар бораи ҷой ва вақти имтиҳони хаттӣ огоҳ карда мешаванд.
• Шаҳодатномаи саломатӣ дар даври аввал пешниҳод кардан шарт нест, он танҳо барои онҳое, ки аз имтиҳони хаттӣ ва мусоҳиба бомуваффақият мегузаранд, талаб карда мешавад.
  
Рақамҳо барои тамос: (+992) 44-600-54-77 / -78
E-mail: sheroz.juraev@db.mofa.go.jp