Конcерти гурӯҳи ҷопонии «WADAIKO SAI» дар Тоҷикистон!

2022/10/20
1
Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хушнудӣ ҳамагонро ба консерти гурӯҳи нақоранавозони ҷопонӣ «WADAIKO SAI», ки ба таҷлили 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷопон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст, даъват менамояд. Консерти мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шуда дар ду шаҳри Тоҷикистон баргузор мегардад:
 
• 26 октябри соли 2022 (чоршанбе) дар ш. Душанбе
Вақт: 18:00 (дарҳо соати 17:00 кушода мешаванд)
Макон: Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев (кӯчаи А. Сино, 42. Нишонӣ: минтақаи «Иттифоқҳои касаба» / «Профсоюз»)
 
• 27 октябри соли 2022 (панҷшанбе) дар ш. Хуҷанд
Вақт: 18:00 (дарҳо соати 17:00 кушода мешаванд)
Макон: Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ
 (кӯчаи Фирдавсӣ 140)
 
Нақоранавозони моҳир оҳангҳои анъанавии ҷопониро иҷро карда, техникаи беназири навохтани «вадайко» (барабани анъанавии ҷопонӣ) ва «нокан» (найи ҷопонӣ)-ро намоиш хоҳанд дод. Даромадгоҳ ба консерт барои тамошобинон боз буда онҳо имкони беҳамтои шиносоӣ бо мусиқии суннатии Ҷопониро пайдо намуда қувваи садои барабани ҷопониро эҳсос хоҳанд намуд.
 
Умедворем, ки ин чорабинӣ бори дигар табодули фарҳангии байни мардумро ба вуҷуд оварда, дӯстии Ҷопон ва Тоҷикистонро боз ҳам таҳким мебахшад.
 
Мо интизори шумоем!
 
Даромад ба консерт РОЙГОН аст (шумораи ҷойи нишаст маҳдуд аст).
 
Телефон барои тамос: 227-54-36

 

Дар бораи  «WADAIKO SAI»

"WADAIKO SAI" - гурӯҳи ҳунарии касбӣ аст, ки асосан барабани анъанавии ҷопонӣ «вадайко» ва дигар асбобҳои суннатии ҷопони, аз қабили найи «нокан»-ро менавозад.
Ин гурӯҳ аз ҷониби Такаюки Касай соли 2005 ҳамчун клуби мусиқии донишгоҳ таъсис ёфтааст. Ин гурӯҳ дар соли 2013 ба таври касбӣ ҳунарнамоӣ кард. Сафари гурӯҳ дар Ҷопон дар соли 2015 бо муваффақияти бузург анҷом ёфта, аксари консертҳо дар муддати кӯтоҳ фурӯхта шуданд. Намоишҳои «WADAIKO SAI» ҳайратангезанд ва то имрӯз онҳо дар 25 кишвари ҷаҳон зиёда аз 2000 консерт намоиш додаанд. Рӯзҳои 26-27 октябри соли 2018 ВАДАИКО САИ бори аввал барномаи пурмазмуни консертии худро пешкаши тамошобинони Тоҷикистон мекунад.
 
Саҳифаи расмӣ: https://wadaiko-sai.com/