Паёми Сафири Ҷопон дар Тоҷикистон
2022/2/1

Ман, Тошиҳиро Аики, ба ҳайси сеюмин Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қароргоҳ дар Душанбе таъин шудам. Дар таърихи 21-уми январи соли 2022 нусхаи эътимодномаро ба Муовини вазири корҳои хориҷӣ ҷаноби Фарҳод Салим супурдам ва фаъолияти амалии худро ҳамчун сафир оғоз кардам.
Барои ман ифтихори бузург аст, ки маро ба Тоҷикистон, ки дорои таърихи чандинасра буда қисми тамаддуни бузурги форс аст, фиристоданд.
Ман соли 1985 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷопон ба кор шурӯъ кардам, забони русиро омӯхтам ва баъдтар таҷрибаи корӣ роҷеъ бо кишварҳои пасошӯравӣ дар вазифаҳои гуногунро пайдо кардам. Ман бори аввал соли 1989, замоне, ки Иттиҳоди Шӯравӣ арзи вуҷуд дошт, ба Тоҷикистон омада будам. Аз соли 2015 то соли 2018 намояндаи вижаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷопон оид ба масъалаҳои Осиёи Марказӣ будам ва ҳангоми фаъолият дар ин вазифа се маротиба ба Тоҷикистон сафар карда будам. Вале ба муддати тӯлонӣ зиндагӣ кардан дар ин кишварро бесаброна интизор будам.
Соли гузашта аз замони соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон ва ба расмият шинохтани он аз ҷониби Ҷопон 30 гузашт. Имсол бошад мо 30-умин солгарди истиқрори равобити дипломатӣ миёни Ҷопон ва Тоҷикистонро ҷашн мегирем. Дар ин муддат муносибатҳои ҷонибҳо пайваста дар фазои дӯстона тақвияту тавсеа ёфтаанд. Танҳо дар солҳои охир гуфтушунид ва табодули фаъол дар сатхи оли, аз қабили сафари собиқ Сарвазири Ҷопон ҷаноби Абэ ба Тоҷикистон дар соли 2015 ва сафари Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷопон дар соли 2018, анҷом дода шудаанд. Метавон гуфт, ки дар байни мардуми Тоҷикистону Ҷопон эҳсосоти хубе ба вуҷуд омадааст, ҳарчанд имкони боз ҳам бештаре барои шинохти бехтари ҳамдигар вуҷуд дорад.
Дар таърихи фаротар аз 30 соли охир, ҳудуди Тоҷикистони муосирро ҷопониҳо ҳамчун масири паҳншавии дини буддоӣ аз Ҳиндустон ва ҳамчун минтақаи ҳамҷавор бо Роҳи бузурги абрешим, ки тавассути он унсурҳои фарҳанги Осиёи Ғарбӣ, аз ҷумла ашёи арзишманди тамаддуни форсӣ, ба Ҷопон омадаанд, шинохтанд. Фикр мекунам, ки бархе аз ҷопониҳо ҳангоми шунидан дар бораи тоҷирони суғдӣ ва осори бостонии буддоӣ, ки дар саросари Тоҷикистон ва Афғонистон густариш ёфтанд, ёдоварии ширин аз гузаштаро эҳсос мекунанд.
Имрӯз Тоҷикистон як кишвари дорои аҳамияти бузурги геополитикӣ буда, дар қисмати марказии қитъаи Авруосиё, дар ҷануби минтақа бо номи «Осиёи Марказӣ» ҷойгир аст, ки бо Афғонистону Чин марзи тӯлонӣ дорад. Ҷопон ният дорад, ки ҳамкориҳоро бо Тоҷикистон идома дода, рушди “кушода, устувор ва мустақил”-и Тоҷикистон ва беҳбуди зиндагии мардумро бо истифода аз чаҳорчӯби муколамаи “Осиёи Марказӣ + Ҷопон”, ки соли 2004 таъсис ёфта аввалин чаҳорчӯбаи шабеҳи “Осиёи Марказӣ+1” мебошад дастгирӣ намояд.
Мутмаинам, ки дар равобити Тоҷикистону Ҷопон иқтидори бузурге вуҷуд дорад, ки то ҳол истифода нашудааст. Тамоми неруи худро барои минбаъд вусъат додани муносибатхои дӯстона ва судманди ҳар ду кишвар ва мадум кӯшиш харҷ медиҳам. ,. Ташаккури зиёд.
Тошихиро Айки, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
21 январи соли 2022