Оғози қабули ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмуни 17-умин ҷоизаи байналмилалии мангаи Ҷопон (16th Japan International Manga Award)!

2023/4/14

 
Қабули ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмуни
17-умин ҷоизаи байналмилалии
мангаи Ҷопон (16th Japan International Manga Award) о
ғоз шуд!


Дархостнома барои иштирок аз 14 апрел то 7 июли соли 2023 қабул карда мешавад.

Бо ин ҷоиза, эҷодкорони тасвири манга, ки тавассути фаъолияти худ дар паҳншавии ин жанри бадеӣ дар хориҷ аз кишвар ва мубодилаи фарҳангӣ саҳми худро мегузоранд, қадр карда мешаванд. Ғолибони озмун ба Ҷопон барои ширкат дар маросими ҷоизасупорӣ ва табодули таҷриба бо эҷодкорони тасвири мангаи Ҷопонӣ даъват карда мешаванд.

Ҳуҷҷатҳои зарурӣ бояд ба сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон пешниҳод карда шаванд ё тавассути почтаи электронии зерин фиристода шаванд: embjpn@db.mofa.go.jp

Маълумоти бештарhttps://www.manga-award.mofa.go.jp/index_e.html
Дастурамал оид ба пур кардани дархост: https://www.manga-award.mofa.go.jp/en/application/17/index.html