Мулоқоти Сафир ФУРУТА бо Вазири нақлиёт ИБРОҲИМ

2026/10/9
1
9 октябри соли 2026 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум ФУРУТА Кейко бо Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Азим ИБРОҲИМ мулоқот анҷом дод. Ҷонибҳо натиҷаҳои ҳамкории Ҷопон ва Тоҷикистонро дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла дар самти рушди инфрасохтори нақлиётии кишвар, баҳои баланд дода, масъалаи самтҳои ояндадори ҳамкориҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.