Намоишгоҳи «Моҳияти зебоии Ҷопон: усулҳои анъанавии рангубори матоъ»

2026/10/8
1
Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон бо камоли хушнудӣ аз баргузории намоишгоҳи «Моҳияти зебоии Ҷопон: усулҳои анъанавии рангубори матоъ», ки аз 16 октябр то 24 ноябр дар Осорхонаи мардумшиносии шаҳри Душанбе баргузор мегардад, хабар медиҳад.
 
Намоишгоҳ ба меҳмонон имконият фароҳам меорад, ки бо зебоӣ ва ғановати усулҳои анъанавии рангубори матоъҳои Ҷопонӣ шинос шаванд. Ин ҳунарҳо мероси чандинасраи бадеӣ, маҳорати баланди ҳунармандӣ ва эҳтироми амиқи мардуми Ҷопонро нисбат ба табиат инъикос менамоянд.
 
Дар намоишгоҳ асарҳои нафису нодири хонум Наоко Токитомо (時友尚子) — рассом ва устоди соҳибтаҷрибаи ҷопонӣ дар соҳаи ҳунари анъанавии рангубори матоъ ба маърази тамошо гузошта мешаванд. Осори ӯ таҷассумгари зебоии нозук, маҳорати баланди ҳунарӣ ва завқи зебоипарастии хос ба анъанаҳои ғании санъати нассоҷии Ҷопон мебошанд.
 
Меҳмонони намоишгоҳ имконияти махсус пайдо мекунанд, ки аз тамошои кимоноҳои зебо — либоси анъанавии ҷопонӣ, лавҳаҳои ороишӣ, ашёи ороиши дохилии хонаҳои ҷопонӣ ва дигар осори ҳунарӣ баҳра баранд. Ҳамзамон, метавонанд бо мероси фарҳангӣ ва анъанаҳои бадеии Ҷопон, ки дар тӯли асрҳо ҳифз гардида, аз насл ба насл интиқол меёбанд, аз наздик шинос шаванд.