Иштироки Сафир ФУРУТА дар 4-ум Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои рушди устувор»

2026/5/28
1
27 май Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум ФУРУТА Кэйко дар ҷаласаи умумии 4-ум Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои рушди устувор 2018–2028» иштирок намуда, аз номи Ҳукумати Ҷопон суханронӣ кард. Ҷопон минбаъд низ дар ҳамкорӣ бо Тоҷикистон, Созмони Милали Муттаҳид ва ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор дар ҳалли масъалаҳои глобалии об саҳми худро мегузорад.