Рӯзи Ҷопон дар Тоҷикистон

2026/3/12
1
   Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо камоли эҳтиром хабар медиҳад, ки чорабинии фарҳангии «Рӯзи Ҷопон дар Тоҷикистон» 28 марти соли 2026 аз соати 11:30 то 16:00 дар ошёнаи якуми Осорхонаи миллии Тоҷикистон баргузор мегардад.
   Ин чорабинӣ аз ҷониби Сафорати Ҷопон дар ҳамкорӣ бо Осорхонаи миллии Тоҷикистон ташкил гардида, ба таҳкими ҳамкориҳои фарҳангӣ ва густариши ҳамдигарфаҳмӣ миёни мардумони Ҷопон ва Тоҷикистон равона шудааст.
Дар доираи чорабинӣ меҳмонон метавонанд бо ҷанбаҳои гуногуни фарҳанги анъанавии Ҷопон шинос шаванд, аз ҷумла намоиши ҳунарҳои муҳорибавии ҷопонӣ, намоиши либоси анъанавии ҷопонӣ – кимоно, инчунин маросими анъанавии чойнӯшии ҷопонӣ.
   Ҳамзамон, дар давоми рӯз барои меҳмонон фаъолиятҳои гуногуни фарҳангӣ, аз қабили машғулиятҳои хаттотии ҷопонӣ, омӯзиши санъати оригами, гӯшаи аксбардорӣ бо имкони пӯшидани кимоно ва юката, инчунин шиносоӣ бо бозичаҳои анъанавии ҷопонӣ ташкил карда мешаванд.
   Сафорати Ҷопон умедвор аст, ки ин чорабинӣ барои сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе имконияти хубе фароҳам меорад, то бо фарҳанги ғании Ҷопон аз наздик шинос шаванд.
   Сафорати Ҷопон ҳамаи хоҳишмандонро барои иштирок дар ин чорабинӣ даъват менамояд.