Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Ҷопон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон

2025/12/19
1
2
     19 декабри соли 2025 дар шаҳри Токио мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷопон МОТЭГИ Тосимитсу бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, ки барои иштирок дар Саммити «Осиёи Марказӣ + Ҷопон» дар Ҷопон қарор дошт, баргузор гардид.
 
    Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба вазъи минтақавӣ ва амнияти иқтисодиро баррасӣ намуда, уҳдадории худро ҷиҳати таҳкими шарикии дуҷониба ва пуштибонӣ аз тартиботи байналмилалии озод ва боз дар асоси волоияти қонун таъкид карданд.
 
    Ҳамчунин, бо истифода аз ин фурсат, Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷопон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2028 ба имзо расид.