Мулоқоти сатҳи олии Ҷопон ва Тоҷикистон

2025/12/20
1
2
20 декабри соли 2025 дар шаҳри Токио мулоқоти Сарвазири Ҷопон хонум ТАКАИТИ Санаэ бо Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон бо мақсади иштирок дар Саммити «Осиёи Марказӣ + Ҷопон» қарор дошт. Дар натиҷаи мулоқот «Изҳороти муштараки Ҷопон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба ва таҳкими ҳамкории мутақобилан судманд» муаррифӣ гардид.
https://www.mofa.go.jp/mofaj/files/100954364.pdf