Саммити муколамаи Осиёи Марказӣ + Ҷопон

2025/12/20
1
2
20 декабри соли 2025 дар шаҳри Токио аввалин Саммити Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Ҷопон» таҳти роҳбарии хонум ТАКАИТИ Санаэ, Сарвазири Ҷопон, баргузор гардид. Дар ин Саммит, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин президентҳои дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуданд.

Дар натиҷаи Саммит Эъломияи муштараки «Эъломияи Токио» ба имзо расид, ки дар он роҳбарони давлатҳо се самти афзалиятноки ҳамкории байни Ҷопон ва кишварҳои Осиёи Марказиро муайян намуданд: «Рушди энергияи устувор ва манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва иқтидори муқовимат», «Пайвастшавӣ» ва «Рушди захираҳои инсонӣ».
https://www.mofa.go.jp/mofaj/files/100954362.pdf