Мулоқоти арзи адаб аз ҷониби Сафир ФУРУТА бо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Файзалӣ ИДИЗОДА
2025/10/21
21 октябри соли 2025 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Тоҷикистон хонум Фурута Кейко ба Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода мулоқоти арзи адаб анҷом дод.
Ҷонибҳо муносибатҳои дӯстона ва натиҷаҳои ҳамкориҳои байни Ҷопон ва Тоҷикистонро аз замони барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ дар соли 1992 баланд арзёбӣ намуда, ҳамчунин масоили густариши минбаъдаи самтҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла таҳкими робитаҳои байнипарлумониро мавриди баррасӣ қарор доданд.