Иштироки Сафир Фурута дар конфронси илмӣ дар доираи “Лоиҳаи Помир”
2025/10/13
13 октябри соли 2025 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум ФУРУТА Кэйко дар конфронси илмӣ ва маросими супоридани намунаҳои ях (кернҳо) дар доираи Лоиҳаи Помир (гирифтани намунаҳои ях аз пирях дар Тоҷикистон дар моҳҳои сентябр ва октябр ва таҳқиқоти минбаъдаи онҳо) бо иштироки намояндагони Тоҷикистон (Раиси Академияи миллии илмҳо, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Хушвахтзода Кобилҷон Хушвахт), Фаронса, Швейтсария ва Ҷопон (Донишгоҳи Нагоя ва Донишгоҳи Ҳоккайдо) ширкат варзид.
Сафир Фурута дар суханронии худ ҳамаи иштирокчиёнро бо муваффақияти лоиҳа табрик намуда, онро намунаи ҳамкории байналмилалӣ номид ва зикр кард, ки Ҷопон ба шарикӣ дар соҳаҳои тағйирёбии иқлим ва захираҳои об аҳамияти хоса медиҳад.