Мулоқоти арзи адаб аз ҷониби Сафир ФУРУТА бо Вазири молия

2025/9/16
1
      16 сентябри соли 2025, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Тоҷикистон хонум Кейко ФУРУТА бо Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Файзиддин ҚАҲҲОЗОДА мулоқоти арзи адаб анҷом дод. 
      Вазир хонум сафирро бо таъйин шуданаш ба ин мақоми баланд табрик гуфта, изҳор дошт, ки равобити сиёсӣ ва иқтисодии Ҷопону Тоҷикистон сол то сол таҳким меёбад ва ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба, бахусус дар соҳаи тиҷорат изҳори умедворӣ кардааст. Вазир инчунин барномаи Ҳукумати Ҷопон  “Бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ (JDS)”-ро баҳои баланд дода, изҳори боварӣ намуд, ки хизматчиёни ҷавони давлатӣ, ки дар Ҷопон таҳсил кардаанд, дар таҳкими муносибатҳои дуҷониба саҳми арзанда хоҳанд гузошт.
      Сафир ФУРУТА ба муҳтарам вазирро барои суханони некаш сипос баён намуда, изҳори омодагӣ кард, ки тамоми кӯшишҳоро ба харҷ хоҳад дод, то ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод ва фарҳанг таҳким ёфта  дӯстии 30-солаи онҳо минбаъд амиқтар гардад.