Мулоқоти арзи адаб аз ҷониби Сафир ФУРУТА бо Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон
2025/5/14

14 апрели соли 2025, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум ФУРУТА Кейко бо Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Далер Ҷумъа мулоқоти арзи адаб анҷом дод.
Вазир сафирро ба муносибати таъйин шуданаш ба ҳайси сафир дар Тоҷикистон табрик гуфта, қайд кард, ки аз замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон муносибатҳои дӯстона бо Ҷопон дар заминаи ҳусни тафоҳум ва эътимоди тарафайн инкишоф меёбанд.
Сафир дар навбати худ ба вазир барои суханони гармаш изҳори сипос намуда, қайд кард, ки барои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстона, ки дар тӯли беш аз 30 сол инкишоф ёфтаанд, тамоми кӯшишро ба харҷ хоҳад дод ва омодагии Сафоратро барои идомаи ҳамкории зич бо вазорат дар лоиҳаҳои гуногун, ки ҳоло амалӣ мешаванд, изҳор кард.