Мулоқоти арзи адаб аз ҷониби Сафир ФУРУТА бо Вазирии корҳои хориҷӣ

2025/5/2
1
    1 майи соли 2025, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум ФУРУТА Кейко ба Вазирии корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Сироҷиддин МУҲРИДДИН мулоқоти арзи адаб анҷом дод. 
    Вазир Сафирро бо таъиноташ ба вазифаи муҳими дипломатӣ табрик гуфта, таъкид намуд, ки муносибатҳои дӯстонаи байни Ҷопон ва Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногун ва дар ҳамаи сатҳҳо дар асоси фаҳмиши мутақобила ва эътимод рушд мекунанд.
    Сафир ФУРУТА, пас аз изҳори сипос барои суханони гарми Вазир, омодагии худро барои саъйи бештари таҳкими равобити дуҷониба байни ду кишвар ва мардумонашон баён намуда, инчунин умеди ҳамкории самаранок байни Сафорат ва Вазоратро изҳор кард.