Дархостҳо барои 19-умин Ҷоизаҳои байналмилалии MANGA Ҷопон кушода аст

2025/4/21
1
Мо бо камоли хушнудӣ эълон мекунем, ки дархостҳо барои 19-умин Ҷоизаҳои байналмилалии MANGA Ҷопон кушода аст. Мӯҳлати дархост барои ҷоиза аз 17 апрел то 30 июни соли 2025 давом мекунад.
    Бо ин ҷоиза, эҷодкорони тасвири манга, ки тавассути фаъолияти худ дар паҳншавии ин жанри бадеӣ дар хориҷ аз кишвар ва мубодилаи фарҳангӣ саҳми худро мегузоранд, қадр карда мешаванд. Ғолибони озмун ба Ҷопон барои ширкат дар маросими ҷоизасупорӣ ва табодули таҷриба бо эҷодкорони тасвири мангаи Ҷопонӣ даъват карда мешаванд.

    Ҳуҷҷатҳои зарурӣ бояд ба сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон пешниҳод карда шаванд ё тавассути почтаи электронии зерин фиристода шаванд: sheroz.juraev@db.mofa.go.jp


Мо бесаброна интизори пешниҳоди рассомони манга дар саросари ҷаҳон ҳастем.