Маросими имзои Созишнома оид ба Лоиҳаи кумак ба афроди имконияташон маҳдуд дар доираи "Кӯмаки бебозгашти Ҷопон барои лоиҳаҳои созмонҳои ғайридавлатии Ҷопон" барои соли молиявии 2024
2025/2/25

25 феврали соли 2025 Сафири Ҷопон дар Тоҷикистон хонум ФУРУТА Кейко ва Ҳамоҳангсози Барномаи Ташкилоти ҷамъиятии Ҷопон “Ассотсиатсияи кӯмак ва дастгирии Ҷопон” (АКД Ҷопон) дар Душанбе, хонум ТАКАШИМА Масами, Созишнома марбут ба лоиҳаи «Мусоидат ба шуғли маъюбон ва аъзои оилаи онҳо дар шаҳри Шаҳринав» (маблағи ҳадди аксар 322 943 доллари ИМА) дар доираи «Кӯмаки бебозгашти Ҷопон барои лоиҳаҳои созмонҳои ғайридавлатии Ҷопон» дар қароргоҳи Сафири Ҷопон ба имзо расонданд.
Дар чаҳорчуби лоиҳаи мазкур як маркази омӯзиши касбӣ дар асоси талаботи ҷомеъаи маҳалӣ бунед хоҳад гардид, то ба афроди дорои маълулият ва хонаводаҳои онҳо имкони омӯзиши касбӣ барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии онҳо ва ба даст овардани истиқлолияти маънавӣ ва иҷтимоӣ фароҳам оварда шавад.
Сафир ФУРУТА дар суханронии худ қайд кард, ки АКД Ҷопон солҳо боз дар минтақа фаъолият намуда, тавассути лоиҳаҳои худ ба мардуми Тоҷикистон кумак расонида истодааст. ва изҳори умедворӣ кард, ки лоиҳаи нав, ки бо имзои ин созишнома оғоз мешавад, бомуваффақият амалӣ шавад.