日本語能力試験 2025 / JLPT 2025 (Санҷиши маҳорати забони ҷопонӣ)

2025/3/12
1
★ Санаи санҷиш: 6 июл (якшанбе), 2025
 
★ Мӯҳлати пешниҳоди дархост: аз 17 март то 16 апрел (ба истиснои рӯзҳои истироҳат ва идҳо)
Ҳангоми қайди санҷиши Нихонго норёку сикэн, ҳар як довталаб бояд ба Сафорати Ҷопон ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод кунад:
- варақаи пуркардашуда (бо имзои довталаб) ва варақаи санҷиш (бо акс). Шакли дархост ва расид дар Сафорат дода мешавад.
- 2 дона сурати якхела (андозаи 3×4 см): яке аз онҳо бояд ба варақаи санҷишӣ часпонида шуда, дигараш дар паси он имзо гузошта шавад (насаби довталаб нишон дода мешавад) ва ҳамроҳ бо варақаи ариза пешниҳод карда мешавад.
 
★ Ҷои қабул: Сафорати Ҷопон
 
★ Соатҳои қабул: 09:30-12:30, 13:30-17:00
 
★ Пардохт барои санҷиш (мувофиқи дараҷаҳои интихобшуда)
N1: 100 сомонӣ;
N2: 100 сомонӣ;
N3: 80 сомонӣ;
N4: 60 сомонӣ;
N5: 50 сомонӣ.
 
Маълумоти бештар дар бораи тест: https://www.jlpt.jp/e/index.html
 
Рақам барои тамос: (+992) 44-600-54-86;