Супоридани эътимоднома аз ҷониби Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Кейко ФУРУТА
2025/1/31


31 январи соли 2025 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Тоҷикистон хонум ФУРУТА Кейко эътимодномаро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам ҷаноби олӣ Эмомали Рахмон дар Қасри Миллат супорид. Президент Раҳмон дар суханронии худ қайд кард, ки муносибатҳои Тоҷикистону Ҷопон бар пояи ҳамдигарфаҳмӣ, эътимод ва эҳтиром асос ёфтааст. Сарвари давлат инчунин барои кумаке, ки Ҷопон, аз ҷумла тавассути JICA расонидааст, изҳори сипос намуда, ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби Муколамаи «Осиёи Марказӣ ва Ҷопон» изҳори умедворӣ кард. Дар хотима Президент ба сафир ФУРУТА дар фаъолияти дипломатиаш муваффақият таманно намуд.