Паёми Сафири Ҷопон дар Тоҷикистон

2025/1/21
1
    Ман ФУРУТА Кейко ба унвони Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Тоҷикистон таъин шудам. 21 январ нусхаи эътимодномаамро ба муовини аввали вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Исматулло Насредин супоридам ва ба фаъолияти худ ҳамчун сафир шурӯъ кардам.
 
    Барои Ҷопон Ҷумҳурии Тоҷикистон шарики боэътимод дар ҳифз ва тақвияти низоми озод ва бози байналмилалӣ бар асоси волоияти қонун мебошад. Муколама ва табодулот дар соҳаҳои мухталиф дар байни кишварҳои мо пайваста дар ҳоли рушд ҳастанд. Соли гузашта Муколамаи Осиёи Марказӣ + Ҷопон, чаҳорчубе барои табодул ва ҳамкорӣ бо панҷ кишвари минтақа, ки бо ибтикори Ҷопон ба унвони кишвари пешсафи чунин иқдомот таъсис ёфтааст, бистумин солгардашро таҷлил кард. Эҳсос мекунам, ки интизории он, ки ин Муколама равобит бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистонро ба сатҳи боз ҳам баландтар бардошта, боиси ҳамкориҳои наздиктар мегардад, дар ҳоли афзоиш аст.
 
    Дар вазъияти мураккаби ҳозираи байналмилалӣ муҳиммияти тавсеа додани муносибатҳои минбаъдаи Япония ва Точикистон дар ҳоли афзоиш қарор дорад. Ман дар ин лаҳза ба сифати сафири Ҷопон ба Тоҷикистон фиристода шуданро шарафи бузург медонам ва масъулияти бузургеро, ки бар душам гузошта шудааст, дарк мекунам. Қабл аз расидан ба Душанбе, бовуҷуди торикии шаб, мустақим аз дохили ҳавопаймо манзараи зебои қаторкуҳҳои гирду атрофи шаҳр маро таҳти таассурот қарор дод. Ман он чизеро, ки қаблан шунида будам, худам таҷриба кардам: Тоҷикистон кишвари дорои табиати бой буда, беш аз 90 дарсад қаламрави онро минтақаҳои кӯҳӣ ишғол мекунанд. Ҳарчанд Ҷопон аз Тоҷикистон бо он, ки як кишвари ҷазира аст, фарқ мекунад ва дар иҳотаи баҳр қарор дорад, ҳудуди 75 дарсади қаламрави онро низ кӯҳҳо ташкил медиҳанд.
 
    Ман шабеҳияти Ҷопон ва Тоҷикистонро ҳамчун кишварҳое, ки дорои табиати зебо ва манзараҳои мавҷнок ҳастанд, эҳсос намудам.
 
    Ман бесаброна мунтазири шиносоии амиқтар бо Тоҷикистон ҳастам, кишваре ки на танҳо бо зебоии табиӣ, балки бо таърихи чандинасра ва фарҳанги ғанӣ, ки дар он илова бар мероси табиии ҷаҳон, ба мисли кӯҳҳои Помир, инчунин мероси фарҳангӣ, ба монанди мавзеъҳо ҳамчун шаҳрҳои бостонӣ ва баъзе аз мавзеъҳои Роҳи бузурги абрешим, ки Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсояро фаро мегирад, низ арзи вуҷуд доранд.
 
    Мардуми Ҷопон ва Тоҷикистон эҳсосоти хубе нисбати ҳамдигар доранд, аммо фикр мекунам ҳануз ҷой барои шинохти беҳтар вуҷуд дорад.  
 
    Тавре ки ман медонам, Роҳи бузурги абрешим, ки Тоҷикистон қисме аз он аст, ва таъриху фарҳанги Шарқу Ғарбро мепайвандад, дар аксари ҷопониҳо ҳасрат ва эҳсоси романтикиро бедор мекунад. Аммо теъдоди каме аз мо воқеияти Тоҷикистони муосирро медонем. Ман инчунин умедворам, ки мардуми Тоҷикистон дар мавриди ҷанбаҳои мухталифи Ҷопон бештар маълумот хоҳанд гирифт.
 
    Ман итминон дорам, ки дар равобити Тоҷикистону Ҷопон иқтидори назарраси истифоданашуда вуҷуд дорад. Ман саъю талоши худро барои тавсеаи бештари муносибатҳои дустона ва мутақобилан судманд байни ду кишвари мо ва мардумамон анҷом хоҳам дод. Аз шумо хоҳиш менамоям, ки фаъолияти маро дастгирӣ намоед.
  
 
21 январи соли 2025
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Тоҷикистон
ФУРУТА Кейко