АНҶОМИ ЛОИҲАИ СОХТМОНИ ТАВАЛЛУДХОНА ДАР НОҲИЯИ ДАРВОЗ

2024/6/29
1
2
3
     29 июни соли 2024 ҷ-би Тошиҳиро АИКИ, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамроҳ бо Алишер МИРЗОНАБОТ, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ҷаноби Умедҷон НОСИРЗОДА, раиси ноҳияи Дарвоз ва хонум Лайло ҚУРБОНМАМАДОВА, роҳбари барномаи Хазинаи Оғохон оид ба тандурустӣ дар маросими ба итмом расидани «Лоиҳаи сохтмони таваллудхона дар ноҳияи Дарвоз» иштирок кардан. Дар ин маросим ҳамчунин намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, кормандони тиб ва сокинони деҳа ширкат доштанд.
 
     Барои татбиқи ин лоиҳа, дар доираи барномаи Ҳукумати Ҷопон “Кӯмакҳои бебозгашт ва амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ” (GGP) бо маблағи $132,527 доллари ИМА грант ҷудо карда шуд. Қаблан таваллудхона хароб буд, ки ба бинои ҷарроҳӣ кӯчиданро талаб мекард. Илова бар ин, норасоии таҷҳизоти тиббӣ ва таҷҳизоти мавҷуда кӯҳна буда, барои кормандони соҳаи тиб дар таъмини нигоҳубини модарон ва кӯдакони навзод мушкилиҳо эҷод мекард. Таваллудхонаи дар Сагирдашт ягона беморхона дар ҷамоат буда, ба бинои нави замонавӣ бо таҷҳизоти зарурӣ ниёз дошт. Ҳамин тариқ, дар ҷараёни лоиҳа бинои дуошёнаи замонавӣ бомуваффақият бунёд гардида, аз ҷониби Хазинаи Оғохон таҷҳизоти зарурӣ таъмин карда шуд. Лоиҳаи мазкур ба таваллудхона имкон медиҳад, ки аз бинои худ фаъолият намуда, хизматрасонии тиббӣ пешкаш намояд ва ба модарон имкон диҳад, ки дар муҳити бехатару солим таваллуд кунанд ва ба ин васила ба некӯаҳволии навзодон мусоидат намояд.
    Дар маросим Сафири Фавқулода ва Муҳтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷ-би Тошиҳиро АИКИ, раиси ноҳияи Дарвоз ва сокинони деҳаро бо анҷоми бомуваффақияти лоиҳа табрик гуфта, қайд кард, ки Ҷопон дар тӯли беш аз 30 соли ба даст овардани истиқлолияти Тоҷикистон ба халқи тоҷик ҳамчун як дӯсти хуб дар соҳаҳои гуногун кӯмак кардааст ва тандурустӣ яке аз бахшҳои муҳими ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ҷопон мебошад.
     Раиси ноҳияи Дарвоз ва сокинони деҳа барои кумакҳои расонидашуда ба ҳукумат ва мардуми Ҷопон изҳори сипос намуданд. 
     Ҳукумати Ҷопон ният дорад дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистонро идома диҳад.
Кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ “GGP” тарҳи Барномаи расмии Ҷопон оид ба рушд мебошад. Кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ ба ҳокимиятҳои маҳаллӣ, соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, ҳамчунин ба созмонҳои ғайридавлатӣ расонида мешавад. Аз соли 1996 то инҷониб, кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ 462 лоиҳаро ба маблағи умумии $38, 2 миллион доллари ИМА дар Тоҷикистон амалӣ намудааст, аз ҷумла 111 лоиҳа дар соҳаи тандурусти.
 
Для более подробной информации о GGP: https://www.tj.emb-japan.go.jp/itpr_ru/kusanone_r.html