Мушовири Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон ҷаноби Томонори ҲАСЕГАВА барои донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон (ДТТ) дар мавзӯи «Тоҷикистон ва Ҷопон» лексия хонд
2024/5/15



15 майи соли 2024 ҷаноби Томонорӣ ҲАСЕГАВА дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ лексияи махсус «Тоҷикистон ва Ҷопон» хонд. Тақрибан 40 нафар донишҷӯёни факултаҳои энергетика, механикию технологӣ, сохтмон ва нақлиёт, таҳсил карда истодаанд, барои шунидани маъруза иштирок намуданд. Дар оғози лексия викторинаи кӯтоҳ оид ба дониш дар бораи Ҷопон гузаронида шуда, баъдан ба донишҷӯён дар бораи муносибатҳои Тоҷикистону Ҷопон, ки аз рафту омади мардум дар асрҳои қадим сар карда то даҳсолаҳои охир, нақл карда шуд. Мундариҷа ҷанбаҳои ҳамкориҳои ду кишвар дар бахшҳои мухталиф, бахусус дар соҳаи тандурустӣ ва рушди зерсохторро дар бар гирифт. Баъд ҷаноби Ҳасегава дар бораи хусусиятхои таҷҳизот ва технологияи Ҷопон ба донишҷуён нақл кард.
Пас аз лексия саволу ҷавоб сурат гирифт, ки дар он донишҷӯён дар бораи таҳсил дар Ҷопон саволҳои ҷолиб доданд. Донишҷуён ба ҷаноби Ҳасегава барои пешниҳоди маълумоти ҷолиб изҳори сипос карданд.
Пас аз лексия саволу ҷавоб сурат гирифт, ки дар он донишҷӯён дар бораи таҳсил дар Ҷопон саволҳои ҷолиб доданд. Донишҷуён ба ҷаноби Ҳасегава барои пешниҳоди маълумоти ҷолиб изҳори сипос карданд.