18-умин давраи «Озмуни наттоқони забони ҷопонӣ» дар Тоҷикистон
2024/3/9

09-ми март дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода (ДБЗХТ) дар шаҳри Душанбе 18-умин давраи «Озмуни наттоқони забони ҷопонӣ» дар Тоҷикистон баргузор гардид. Озмуни мазкур аз ҷониби Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи омӯзгорони забони ҷопонӣ дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ва бо кӯмак ва дастгирии намояндагии JICA дар Тоҷикистон, баргузор гардид.
Дар ин озмун 23 нафар довталабон, аз ҷумла донишҷӯёни кафедраи забони ҷопонии ДБЗХТ, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, мактаб-интернати «Ҳотам ва П.В.» ва маркази забони ҷопонии «Кокоро» махорати худро нишон доданд. Дар ин чорабинӣ зиёда аз 100 нафар, аз ҷумла шахрвандони Ҷопон дар Тоҷикистон ширкат доштанд.
Дар маросими ифтитоҳи чорабинӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тошиҳиро АИКИ аҳмияти ин озмунро барои рушди ҳамдигарфаҳмӣ ва муносибатҳои дӯстона байни халқҳои Ҷопону Тоҷикистон қайд намуда, ба ҳамаи иштирокчиён баромади бобарор орзу намуд. Ректори ДБЗХТ хонум Ҷило Гулназарзода дар навбати худ таъкид намуд, ки ДБЗХТ аз соли 2002 ба таълими забони ҷопонӣ машғул буда, ҳамеша аз ҳамкорӣ бо Ҷопон баҳри рушди малакаи донишҷӯёни бахши ҷопонӣ шод аст.
Пас аз ҷамъбасти озмун аз ҷониби Сафири Ҷопон ва ректори ДБЗХТ ба иштирокчиёни зерин шаҳодатнома ва тӯҳфаҳо супорида шуд:
Зинаи болоӣ
Ҷойи аввал: Ҳомидова Мавзуна (донишҷӯи ДБЗХТ)
Ҷойи дуюм: Амзазода Гулноза (донишҷӯи ДБЗХТ)
Ҷойи сеюм: Одинаева Зуҳро (донишҷӯи ДБЗХТ)
Зинаи аввал
Ҷойи аввал: Яковлев Санджар (донишҷӯи ДБЗХТ)
Ҷойи дуюм: Абдуразакова Томирис (хонандаи КОКОРО)
Ҷойи сеюм: Гаюриён Муҳаммадризо (донишҷӯи ДБЗХТ)
Мукофоти махсус
Бобоева Сабрина (донишҷӯи ДСРТ)