Маросими имзошавии Ёддоштҳои табодулӣ роҷеъ ба лоиҳаи JDS

2022/11/14
1
14 ноябри соли 2022 дар Душанбе Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тошихиро АИКИ ва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин МУХРИДДИН роҷеъ ба ҷудо намудани бурсияҳо тибқи «Лоиҳаи рушди захираҳои инсонӣ» (JDS) дар чаҳорчӯбаи Кӯмакҳои бебозгашти Ҷопон табодули Ёддоштҳоро ба анҷом расонданд. Хукумати Япония барои иҷрои лоиҳа дар соли молиявии 2023 грантро бо маблаги 275 миллион иен ҷудо намуд.
 
Ҷопон барои рушди Тоҷикистон кумаки ҳамаҷониба мерасонад. Ин ҳамкорӣ лоиҳаи JDS-ро дар бар мегирад, ки барои хизматчиёни ҷавони давлатии Тоҷикистон барои таҳсил дар Ҷопон дар барномаи магистрӣ ё докторӣ бурсия пешниҳод мекунад.

Дар соли молиявии 2023 аз Тоҷикистон 15 нафар дар барномаи магистрӣ ва 1 нафар дар унвони докторӣ барои таҳсил ба Ҷопон мераванд. Интизор меравад, ки ин барнома ба раҳбарони ояндаи Тоҷикистон имкон медиҳад, ки дониши махсус аз худ кунанд ва онро барои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоъии Тоҷикистон истифода баранд, ва ҳамчунин ба амиқтар шудани ҳамдигарфаҳмӣ ва таҳкими равобити дӯстона байни Ҷопон ва Тоҷикистон мусоидат кунанд.