Консерти гурӯҳи нақоранавозони ҷопонии WADAIKO SAI дар Душанбе ва Хуҷанд бахшида ба 30-умин солгарди истиқрори равобити дипломатӣ байни Ҷопон ва Тоҷикистон бомуваффакият гузаронда шуд.

2022/10/27
1
2
3
4
5
Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанди вилояти Суғд консерти гурӯҳи касбии нақоранавозони ҷопонӣ баргузор намуд. 26 октябр концерт дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев ва 27 октябр дар Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ бомуваффакият гузаронда шуд. Консерт ба ифтихори 30-умин солгарди истиқрори равобити дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопон ташкил шуда буд.

Дар консерт дар Душанбе тақрибан 900 нафар, аз ҷумла ҷаноби Манучеҳр Шарифзода, муовини Вазири фарҳанги Тоҷикистон, намояндагони ҳукумати Тоҷикистон, раҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ ва ниҳодҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон ва сокинони шаҳри Душанбе ҳузур доштанд. Дар намоиш дар шаҳри Хуҷанд, ки аввалин чорабинии бузурги фарҳангии Ҷопон берун аз шаҳри Душанбе аз ҷониби Сафорати Ҷопон ташкил карда шуд, беш аз 600 нафар, аз ҷумла муовини раиси вилояти Суғд хонум Зайнура Азимӣ, муовини раиси шаҳри Хуҷанд хонум Фирӯза Нуруллозода ва сокинони шахри Хучанд иштирок карданд. Қабл аз оғози намоиши консертӣ, Сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Тошихиро Аики суханронӣ намуда изҳор дошт, ки Ҷопон минбаъд низ барои таҳким ва рушди муносибатҳои мутақобилан судманд дар тамоми соҳаҳо бо шарики арзишманди худ, Тоҷикистон, саъй хоҳад кард. Вай ҳамчунин изҳори умедворӣ кард, ки консерт барои табодули судманди фарҳангии ду мардуми Тоҷикистон ва Ҷопон мусоидат хоҳад кард.

Дар ҷараёни консерт панҷ узви гурӯҳи WADAIKO SAI 12 сурудро бо истифода аз наққораҳои анъанавии ҷопонӣ ва найи "Нокан" иҷро карданд. Толорҳои Филармонияи давлатии Душанбе ва Театри миллии Хуҷанд ба қадри кифоя пур шуда, намоишҳо бо кафкӯбиҳои бардавом ва пурмавҷи тамошобинон сурат гирифтанд. Баъди ба охир расидани консерт тамошобинон бо чапакзании дуру дароз ба навозандагон миннатдорй баён карданд.