Маросими ифтитоҳи анбор барои маҳсулоти ғайриозуқа дар шаҳри Хоруғ
2022/5/18

16 май Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Тошихиро АИКИ дар доираи сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) дар маросими ифтитоҳи анбор ва супоридани ашёҳои ғайриозуқаи зарурӣ ба Идораи минтақавии КҲФ дар шаҳри Хоруғ ширкат варзиданд.
Ин анбор барои нигоҳ доштани ашёҳои зарурӣ, аз ҷумла хайма, кӯрпа ва асбобҳои ошхона сохта шудааст, ки дар сурати рух додани офатҳои табиӣ дар минтақаҳои наздимарзии Тоҷикистону Афғонистон ба тақрибан 100 хонавода пешниҳод шуда метавонад.
Дар ин маросим ҷаноби Тошихиро АИКИ гуфт, ки барои ҳифзи мардум дар вақти офатҳои табиӣ омодагии доимӣ зарур аст ва изҳори умедворӣ кард, ки анбори сохташуда ва ашёи пуршуда солҳои тӯлонӣ нигоҳдорӣ ва дуруст истифода хоҳад шуд. Вай боз зикр кард, ки Ҷопон ҳамчун як кишвари ҷазиравӣ, ки аз офатҳои табиии зиёд дучор шудааст, муваззаф аст, ки таҷриба ва дониши андӯхтаи худро дар мавриди пешгирӣ ва рафъи офатҳои табиӣ, онҳо ба кишварҳои дигар табодули кунад.
Дар посух Рустам НАЗАРЗОДА, раиси КҲФ, ҷаноби Ленни Монтиел, намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон ва Алишер Мирзонабот, раиси ВМКБ барои кумакҳои Ҷопон ташаккур гуфта, изҳори умедворӣ карданд, ки ҳамкориҳо бо Ҷопон идома ёбад.
<Барои маълумот>
Обхезӣ ва ярч дар натиҷаи обшавии пиряхҳо бар асари гармои ғайримуқаррарӣ дар Тоҷикистон ва манотиқи кӯҳистонии шимоли Афғонистон ба вазъи зиндагӣ таъсири калон мерасонад ва сатҳи камбизоатии мардуми манотиқи марзиро зиёдтар мегардонад. Дар робита ба ин, лоиҳаи “Таҳкими иқтидори коҳиши хатари офатҳои табиӣ ва вокуниш” ба баланд бардоштани иқтидори коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ ва вокуниш ба воситаи таҳияи инфрасохтор ва таҷҳизоти зарурӣ, инчунин хизматрасонии идоракунӣ хавфи офатҳои табиӣ нигаронида шудааст. Лоиҳа инчунин ба таҳкими ҳамкории ду кишвар дар сурати офатҳои табиӣ тавассути омӯзонидани кормандони идоракунии офатҳои табиӣ аз ҳарду кишвар равона карда шудааст.