Сафири Ҷопон ҷаноби Тошихиро АИКИ дар маросими супоридани кӯмаки башардӯстона ба Тоҷикистон ширкат кард

2022/9/20
1
2
3
    20 сентябри соли 2022 дар шаҳри Ваҳдат Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Тошихиро АИКИ дар якҷоягӣ бо муовинони раиси шаҳри Ваҳдат Фарзона ХОҶАЗОДА ва Мансур КАРИМЗОДА, Роҳбари намояндагии Комиссариати олии СММ оид ба гурезагон дар Тоҷикистон ҷаноби Мулугета ЗЕВДИ, сардори Раёсати тандурустии шаҳри Ваҳдат Сироҷиддин РАҲМОНЗОДА ва намояндагони дигар аз Ҳукумат ва бахши тандурустии шаҳри Ваҳдат дар маросими супоридани маводи ғайриозуқа дар доираи Кӯмаки бебозгашти Ҷопон (700 000 доллари ИМА) иштирок намуданд. Ин кӯмаки бебозгашт аз ҷониби ҳукумати Ҷопон ба воситаи Комиссариати олии СММ оид ба гурезагон сурат гирифт.
 
    Дар маросим Сафири Ҷопон зикр кард, ки пешгӯии вуруди гурезагон душвор аст ва аз ин рӯ, ҳамеша омода будан ба чунин натиҷа муҳим аст ва изҳори умедворӣ намуд, ки маҳсулоти ғайриозуқаи пешниҳодшуда ба таҳкими иқтидори муассисаҳои тиббӣ ва таълимии шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ барои таъмини омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулодда ва вокуниш ба вуруди эҳтимолии гурезаҳо мусоидат хоҳад кард. Хонум ХОҶАЗОДА ва ҷаноби ЗЕВДИ, дар навбати худ, барои кӯмаки Ҷопон изҳори сипос намуда, аз дастгирии пайвастаи Ҳукумати Ҷопон, барои саҳм ва таҳкими иқтидори хадамоти вокуниш ба ҳолатҳои изтирорӣ баҳои баланд доданд.