Мулоқоти Сафир АИКИ бо Раиси шаҳри Душанбе ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ

2022/6/8
1
2
3
8-уми июн Тошихиро АИКИ, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси шаҳри Душанбе ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ мулоқот намуд.

Дар рафти мулоқот сафир АИКИ изҳор дошт, ки равобити дуҷонибаи Ҷопон ва Тоҷикистон дар тӯли 30 соли ахир бар асоси сафарҳои сарони давлату ҳукуматҳо ва созишномаҳои байниҳукуматӣ устувор ва дӯстона рушд кардаанд. Дар посух ҷаноби Рустам Эмомалӣ ба рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба дар асоси эътимод ва ҳамдигарфахми бо Ҷопон, ки дар давоми се дахсола дусти хамешагии Точикистон буда, дар сиёсати берунии Точикистон мавкеи афзалиятнокро ишгол менамояд, изҳори умедворӣ кард.
 
Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба густариши ҳамкориҳо дар бахшҳои энергетика, нақлиёт, тандурустӣ ва маориф, равобити иқтисодиву тиҷоратӣ, табодули таҷрибаи варзишӣ ва табодули байнипарлумонӣ назар намуда, тасдиқ карданд, ки ҳамкориҳоро дар ин соҳаҳо идома хоҳанд дод.