Сафир Аики дар маросими ифтитоҳи корхонаи равғани растанӣ дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон ширкат варзид (барномаи LITACA)

2022/6/16
1
2
3
16 июни соли 2022 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Чумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳ бо Ҷаноби Оли, Президенти Чумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи корхонаи тавлиди равғани растанӣ дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон ширкат намуд. Дар маросим инчунин чаноби Сулаймон ЗИЕЗОДА, муовини Сарвазир оид ба кишоварзӣ, ч-би Азим ИБРОҲИМ, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ч-би Қурбон ҲАКИМЗОДА, раиси вилояти Хатлон ва дигарон иштирок варзиданд. Ин корхона дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон дар доираи кумаки грантии Ҷопон дар соли молиявии 2020 дар чаҳорчӯби зерлоиҳаи "Барномаи сеюми лоихаи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон- («LITACA» мархилаи саввум)" бунед гардидааст.
 
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷопон ва JICA барои дастгирии пайвастаашон изҳори миннатдории самимӣ намуда, қайд кард, ки корхонаи "Ганҷи Деҳа" як иншооти муҳим барои баланд бардоштани сатҳи коркарди маҳсулоти кишоварзии маҳаллӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ мебошад. Сафир Аики дар навбати худ гуфт, Ҷопон ҳамкориҳоро бо Тоҷикистон, барои беҳтар гардонидан зиндагии мардуми ин кишвар, идома медиҳад.
 
(Истинод: "Нақшаи сеюми баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ дар манотиқи марзии Тоҷикистону Афғонистон")
 
Ҳадафи ин ҳамкорӣ беҳбуди шукуфоӣ дар манотиқи марзии ду кишвар ва таҳкими равобити дуҷонибаи ду кишвар тавассути кумак ба омӯзиши касбӣ ва мусоидат ба фаъолиятҳои иқтисодии фаромарзӣ, инчунин бунёди инфрасохтори асосӣ, аз ҷумла роҳҳо, каналҳои обёрӣ ва таъмини таҷҳизоти кишоварзӣ дар манотиқи марзии ду кишвар буда дар ниҳоят ба Афғонистон ва Тоҷикистон барои расидан ба рушди устувори иқтисодӣ ва иҷтимоӣ кумак расондан мебошад. Ин ба рушди Афғонистон ва Тоҷикистон, ки дорои имконияти рушди устувори иқтисодӣ ва иҷтимоӣ хастанд, мусоидат хохад намуд.