Сафири Ҷопон дар маросими супоридани мошину таҷҳизот ба кушунҳои сарҳадӣ ширкат варзид

2022/4/27
1
2
3
Рӯзи 27 апрел дар назди бинои Сарраёсати кушунҳои сарҳадӣ дар шаҳри Душанбе маросими супоридани мошинҳои ёрии таъҷилӣ ва таҷҳизот ба маблағи 179 828 доллари амрикоӣ, ки бо кӯмаки ҳукумати Ҷопон харидорӣ шудааст, баргузор шуд. Дар маросим ҷаноби Тошихиро Аики, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, Фармондеҳи кушунҳои сарҳадӣ, Георгий Валдишвили, иҷрокунандаи вазифаи муовини доимии Намояндаи БРСММ дар Тоҷикистон, ва Роҳбари Дафтари JICA дар Тоҷикистон Мунео Такасака иштирок карданд.

Мошинҳои ёрии таъҷилӣ ва таҷҳизот дар чаҳорчӯби "Лоиҳаи мусоидат ба ҳамкориҳои наздимарзӣ тавассути идоракунии самарабахши марзи Тоҷикистон бо Афғонистон (BMP) Марҳилаи 2” таъмин карда шуданд. Лоиҳаи мазкур ҳамчун кумаки бебозгашт аз ҷониби Ҳукумати Ҷопон дастгирӣ шуд ва аз тарафи ташкилоти JICA дар ҳамкорӣ бо БРСММ амалӣ гардид. Мошинҳои ёрии таъҷилӣ барои интиқоли беморон, доруҳо ва ваксинаҳо ба минтақаҳои сарҳадӣ, ки дар он ҷо хизматрасонии ёрии тиббӣ душвор аст, пешбинӣ шудааст.