Мушовири Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон барои донишҷӯёни ДМТ дар мавзӯи «Тоҷикистон ва Ҷопон» лексия гузаронид

2022/5/26
1
2
26 майи соли 2022 ҷаноби Томонори Ҳасегава дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи «Тоҷикистон ва Ҷопон» лексияи махсус хонд.

Кариб 70 нафар донишҷӯён аз факултаҳои гуногун барои шунидани маъруза дар бораи муносибатҳои байни ду мамлакат, аз алокаҳои мардум дар асрҳои қадим сар карда то даҳсолаҳои охир, омаданд. Инчунин, дар доираи лексия қисми саволу ҷавоб оид ба Ҷопон баргузор гардид. Маъруза ҷанбаҳои ҳамкориҳои ду кишвар дар бахшҳои мухталиф, бахусус дар соҳаи маориф, тандурустӣ ва рушди зерсохторро дар бар гирифт.

Ин лексия ба 30-умин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Ҷопон бахшида шуд.