Сафир Аики ба лавҳаи ёдгории доктор Ютака Акино, корманди ННСММТ, гул гузошт
2022/5/18

18 май Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Тошихиро АИКИ барои гиромидошти доктор Ютака АКИНО ва 3 корманди дигари Намояндагии нозирони СММ дар Тоҷикистон (UNMOT) дар лавҳаи ёдгорӣ дар деҳаи Лабиҷари ноҳияи Нуробод гул гузоштанд. Доктор Ютака АКИНО ва 3 ҳамкорони ННСММТ дар ин макон 20 июли соли 1998 аз ҷониби гурӯҳҳои мусаллаҳ кушта шуданд.