MEXT 2023. Қабули ҳуҷҷатҳо барои Барномаи бурсиявии Ҳукумати Ҷопон

2022/4/29
МАЪЛУМОТ ОИДИ БАРНОМАИ MEXT
 
​Маълумоти умумӣ дар бораи барномаи MEXT: https://www.studyinjapan.go.jp/en/planning/scholarship/  

 
ҚАБУЛИ ҲУҶҶАТҲО

  Макони қабул: сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон (кӯчаи Х.Назарова 80А, ш. Душанбе)
  Мӯҳлати қабул: аз 3 май то 3 июн соли 2023
  Вақти қабул: 9:00 ~ 12:30, 13:30 ~ 17:30

 
 
1. КОРОМӮЗ – ТАДҚИҚОТЧӢ / RESEARCH STUDENTS (магистратура/докторантура)
 
Имтиҳонхо аз фанҳои зерин: забони англисӣ, ҷопонӣ

Талабот: то 35-сола, хатмкунандагони донишгоҳ ё донишкада

Маълумоти муфассал / Ҳуҷҷатҳои зарурӣ (супоридани Health certificate дар давраи якуми озмун лозим нест)
 https://www.studyinjapan.go.jp/en/smap-stopj-applications-research.html

  
 
2. ДОНИШҶӮИ БАКАЛАВР / UNDERGRADUATE STUDENTS (бакалавр)
 
Имтиҳонҳо аз фанҳои зерин:
  • Ҳангоми интихоби ихтисос аз гурӯҳи «Фанҳои гуманитарӣ А ва В»: математика (А), забони англисӣ, ҷопонӣ
  • Ҳангоми интихоби ихтисос аз гурӯҳи «Фанҳои дақиқ А»: математика (B), забони англисӣ, ҷопонӣ, физика, кимиё
  • Ҳангоми интихоби ихтисос аз гурӯҳи «Фанҳои дақиқ B ва C»: математика (B), забони англисӣ, ҷопонӣ, кимиё, биология
 
Талабот: Синни то 25-сола, хатмкунандагони мактаб, аз чумла онхое, ки дар соли супоридани дархост синфи 11-ро хатм мекунанд.

Маълумоти муфассал / Ҳуҷҷатҳои зарурӣ (супоридани Health certificate дар давраи якуми озмун лозим нест)
 https://www.studyinjapan.go.jp/en/smap-stopj-applications-undergraduate.html


 
3. ДОНИШҶӮИ КОЛЛЕҶИ ТАЪЛИМИ МАХСУС / SPECIALIZED TRAINING COLLEGE STUDENTS
 
Имтихонхо аз фанхои зерин: математика, забони англисӣ, ҷопонӣ
 
Талабот: то 25-сола, хатмкунандагони мактаб, аз ҷумла онҳое, ки имсол синфи 11-ро хатм мекунанд.
 
Маълумоти муфассал / Ҳуҷҷатҳои зарурӣ (супоридани Health certificate дар давраи якуми озмун лозим нест)https://www.studyinjapan.go.jp/en/smap-stopj-applications-specialized.html

________________________________

ЭЗОҲ
 
  • Дархостномаҳо ва ҳамаи расмиёти дигар барои интихоб дар барномаи MEXT, аз ҷумла бақайдгирӣ ва имтиҳонҳо, БЕПУЛ мебошанд. (Аз қаллобон эҳтиёт бошед)
  • Пур кардани ҳуҷҷатҳо, имтиҳони хаттӣ ва мусоҳиба танҳо бо забони англисӣ ё ҷопонӣ (ихтиёрӣ) гузаронида мешаванд. Сатҳи дониши забонҳо бояд Advanced бошад.
  • Дар бораи ҷой ва вақти имтиҳони хаттӣ танҳо шахсоне, ки аз марҳилаи аввали интихоб мегузаранд, огоҳ карда мешаванд. 
  • Супоридани Шаҳодатномаи саломатӣ (Health certificate) дар давраи якум шарт нест. Баъд аз бомуваффакият супоридани имтихони хаттӣ ва мусоҳиба талаб карда мешавад.


* Маълумот барои тамос
 Тел.: 227-54-36, 221-39-70                 
  E-mail: ashrapov@db.mofa.go.jp