Олим САЛИМЗОДА бо Ордени Тулӯи офтоб, Ситораи тилло ва нуқра мукофотонида шуд

2022/3/15
сертификат
сурати хотирави
орден
15 марти соли 2022 дар Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супурдани Ордени Тулӯи офтоб, Ситораи тилло ва нуқра ба собиқ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Олим Салимзода баргузор гардид. Ин мукофот барои муваффақиятҳои барҷаста дар инкишофи муносибатҳои дӯстонаи Ҷопон бо кишварҳои дигар дода мешавад.

Ҷаноби Олим Салимзода дар тӯли зиёда аз даҳ сол ҳамчун раиси Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Ҷопон ва Тоҷикистон ва раиси Кумитаи корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буданашон саҳми бузурге барои таҳкими муносибатҳои дуҷониба ва рушди табодули байнипарлумонии Ҷопон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон гузоштааст.

Дар маросими супурдани ҷоиза, ҷаноби Тошихиро Аики, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Олим Салимзодаро ба муносибати бо Ордени Тулӯи офтоб, Ситораи тилло ва нуқра мукофотонида шуданашон табрик гуфтанд ва инчунин барои саҳмашон дар таҳкими муносибатҳои дуҷониба изҳори сипос карданд.

Ҷаноби Олим Салимзода дар навбати худ ба ҳукумати Ҷопон ва сафорати ин кишвар изҳори сипос намуд, ки барои хизмати хоксоронаи ӯ дар таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ бо ҷоизаи олӣ қадрдонӣ кард.