Сафорати Ҷопон дар фестивали 4-умин «Наврӯз-мероси фарҳангию сайёҳӣ»

2022/3/22
намоиш
хаппи
бози
юката
Сафорати Ҷопон рӯзи 22-юм гушаи худро дар Фестивали байналмилалии 4-умин «Наврӯз-мероси фарҳангию сайёҳӣ», ки дар Боғи ботаникии шаҳри Душанбе баргузор шуд, муаррифӣ кард. Шумораи зиёди меҳмонон назди гушаи мо омаданд, ки дар он фарҳанги Ҷопон, тамошобобҳои сайёҳӣ ва таомҳои миллӣ намоиш дода мешуд. Занон ва кӯдакон бо хурсандӣ «юката» ва «хаппи» (либосҳои анъанавии Ҷопон) пӯшиданд, ва хоҳишмандони зиёд бо бозичаҳои суннатии ҷопониро, аз қабили кендама, бозӣ карданд. Дар атрофи гушаи Ҷопон ва дар давоми тамоми фестиваль мухити фарахбахш ва идона хукмфармо буд.