Супоридани эътимоднома аз ҷониби Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Тошиҳиро АИКИ
2022/3/2



2 марти соли 2022 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Тошиҳиро АИКИ эътимодномаи худро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам ҷаноби Эмомали Рахмон дар Қасри Миллат супорид. Президенти Тоҷикистон дар суханронии худ барои дастгирии Ҷопон, аз ҷумла тавассути созмони JICA ва ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Муколамаи “Осиёи Марказӣ ва Ҷопон” изҳори сипос карда, ба сафир Аики дар оянда дар рисолаташ дар Тоҷикистон муваффақият таманно кард.