Аввалин анбори молҳои ғайриғизоӣ барои ноҳияҳои наздисарҳадии вилояти Хатлон ба истифода дода шуд

2021/10/15
ribbon cutting
Warehouse
speech
warehouse 2
warehouse 3
    Рӯзи 14 октябр дар ноҳияи Кушониён маросими ифтитоҳи анбор барои нигаҳдории молҳои ниёзи аввалия дар ҳолати офатҳои табиӣ дар манотиқи марзии вилояти Хатлон баргузор шуд. Дар маросим сафири Ҷопон ҷаноби Такаюки Мияшита, ҷаноби Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, хонум Пратибҳа Меҳта, намояндаи доимии БРСММ дар Тоҷикистон ва ҷаноби Баризода Икромиддин, раиси ноҳияи Кушониён, иштирок карданд.

    Обхезӣ ва ярч дар натиҷаи обшавии пиряхҳо бар асари гармои ғайримуқаррарӣ дар Тоҷикистон ва манотиқи кӯҳистонии шимоли Афғонистон ба вазъи зиндагӣ таъсири калон мерасонад ва сатҳи камбизоатии мардуми манотиқи марзиро зиёдтар мегардонад. Дар робита ба ин, лоиҳаи “Таҳкими иқтидори коҳиши хатари офатҳои табиӣ ва вокуниш” ба баланд бардоштани иқтидори коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ ва вокуниш ба воситаи таҳияи инфрасохтор ва таҷҳизоти зарурӣ, инчунин хизматрасонии идоракунӣ хавфи офатҳои табиӣ нигаронида шудааст. Лоиҳа инчунин ба таҳкими ҳамкории ду кишвар дар сурати офатҳои табиӣ тавассути омӯзонидани кормандони идоракунии офатҳои табиӣ аз ҳарду кишвар.

    Анбори сохташуда дар ҷануби Тоҷикистон барои нигаҳдории молҳои зарурӣ аз қабили хаймаҳо ва кӯрпаҳо тарҳрезӣ шудааст, ки онҳоро дар сурати офати табиӣ дар марз бо Афғонистон низ истифода бурдан мумкин аст.

    Дар ин маросим сафир Мияшита барои пазироии гарм изҳори сипос кард ва гуфт: "Ҷопон як кишвари ҷазираест, ки дар он офатҳои табиӣ зуд -зуд рух медиҳанд ва мо солҳои тӯлонӣ масъалаҳои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табииро меомӯзем. Мо вазифадорем, ки дониш ва тачрибаи худро бо дустон мубодила кунем, ва мо умедворем, ки ин анбор ҳамчун пойгоҳ барои захира ва таъминоти маводди кӯмак ба офатҳои табиӣ дар минтақа хидмат хоҳад кард. " Дар посух раиси КҲФ ҷаноби Назарзода ва намояндаи БРСММ хонум Меҳта барои дастгирии Ҷопон изҳори сипос карданд.